|
КОНФРОНСИ МИЛЛИИ ХАКАМОНИ ТОЧИКИСТОН |
|
Дар таърихи 29-30 август Конфронси Миллии Ҳакамони Тоҷикистон бо мақсади мубодилаи иттиллоот ва баланд бардоштани малакаи касбии ҳакамони Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Арбитраж» бо дастгирии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) дар толори машваратии истироҳатгоҳи «Садбарг», воқеъ дар дараи Ромит, гузаронида шуд.
Ҳадафи асосии конфронс баланд бардоштани тахассуси ҳакамон буд. Алалхусус хизматрасониҳо чун пуштибонӣ, миёнаравӣ ва суди ҳакамӣ дар маркази таваҷҷӯҳ қарор гирифтанд.
Дар рафти конфронс ба иштироккунандагон инчунин дар хусуси ислоҳоти замин дар Тоҷикистон, ҳал намудани қарзҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, қонун «Дар бораи Судҳои ҳакамӣ», инчунин арбитражи тиҷоратӣ иттилоъ дода шуд.
Дар Конфронс ҳакамон ва кормандони Марказҳои дастгирии ҳуқуқии Ташкилоти ҷамъиятии «Арбитраж», намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ, аъзоёни гурӯҳи корӣ иштирок намуданд.
|