05.09.2010 г.
Асосӣ | Лоиҳа | TҶ Арбитраж | МДҲ | Ҳамкорон | ҲҚХД | Тамос | DFID
 рус | eng | тоҷ
 
ХКХД


Ҳалли қарзҳои
хоҷагиҳои деҳқонӣ


Ҳадаф:
Коркарди механизми ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, истифодаи механизми Судҳои ҳакамӣ барои ҳимояи ҳуқуқи деҳқонон дар баррасии баҳсҳо оиди қарзҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ.


Принсипҳои лоиҳа:
-
шаффоф
- одилона
- ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар фаъолияти соҳибкории озод
- механизми мустаҳками қонунгузор оид ба таҷдиди қарзҳо
- ҳимояи ҳуқуқи саҳмдорон ба истифодаи замин дар ҳолати муфлисшавии хоҷагиҳо
 
Кадом механизмҳо иҷро шуда истодаанд:
Таҷдиди қарзҳо
Сабабҳо ва заминаҳои ҳуқуқии ба вуҷуд омадани қарзҳо, ворисият ва тақсимоти онҳо, ва имкониятҳои иқтисодии хоҷагиҳо дар пардохти қарзҳо омӯхта шуда истодаанд
Натиҷа:
Пешниҳодҳо оид ба мукаммал намудани фаъолияти комиссияи мустақил дар самти таҷдиди қарзҳо, аз нав ташкилёбӣ, танзими муносибатҳои шартномавӣ байни содироткунандагон ва истеҳсолкунандагони пахта тайёр карда шуда,  ба маблағгузорон ва комиссияи мустақил пешниҳод шуданд.
Муфлисшавии хоҷагиҳо
Муайан намудани ҳолатҳои муфлисшавӣ, ба амалбарорӣ ва таъсири он дар хоҷагиҳои озмоишӣ
Натиҷа:
Таҳлили ҳолати молиявии хоҷагиҳои деҳқонӣ, мушкилии қарзҳо, имконияти пардохти қарзҳо дар давраи муайян, асосҳои ҳуқуқӣ барои ҳалли мушкилоти қарзҳо ва амалӣ намудани ҳолатҳои муфлисшавӣ, омӯхта шуда истодаанд.
Ҳимояи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон оид ба замин.
Аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки дар асоси сертификат дорои ҳуқуқи истифодабарии замин мебошанд, ҳуқуқҳои оддитарини истифодабарандагони заминро намедонанд.
Натиҷа:
Таҳлили асосҳои меъёрю - ҳуқуқӣ оид ба додани ҳуқуқ барои истифодаи якумраи замин гузаронида шуда,  лоиаҳо оид ба ворид намудани тағиротҳо ва иловаҳо ба «Қонун дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)» ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ оид ба замин тайёр шуда истодаанд, ки ҳолатҳои додани истифодаи якумраи заминро танзим менамоянд.
Натиҷаи ба нақша гирифташуда:
Таҷдиди қарзҳо ва кам намудани онҳо то сатҳти минималӣ
Самтҳои фаъолияти лоиҳа:
Тайёр намудани ҳуҷҷатҳое, ки фаъолияти Комиссияи мустақилро муайян менамояд;
Татбиқи механизми таҷдиди қарзҳо дар хоҷагиҳои озмоишӣ;
Амалӣ намудани базаи ҳуқуқӣ – нормативии таҷдиди қарзҳо.
Хоҷагиҳои озмоишӣ:
Ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ:
Хоҷагии иҷоравии «Баҳор»
Ноҳияи Вахш:
Хоҷагии колективии ба номи С. Ҷураев
Хоҷагии деҳқонии «Роҳи нав»
Хоҷагии деҳқонии «Истиқлол»
Ноҳияи Қубодиён:
Хоҷагии колективии «Ок Олтин»
Хоҷагии деҳқонии ба номи А. Камбарова
Хоҷагии деҳқонии «Абдулло»
Ҳамкорон:
АБР, ФАО

Суроға: к. Маяковский 69/2, хонаи 2
ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел.: (992 372) 238 28 36
Шахси мутасаддӣ:
Абдуҷалилов Абдуҷаббор
e-mail:
 

 


 

 

ЛОИХАИ "РУШДИ СУДХОИ ХАКАМИ ДАР ТОЧИКИСТОН", БО МАБЛАГГУЗОРИИ DFID

ЛОИХАИ ПУШТИБОНИ БАРОИ ПЕШБУРДИ ХУКУК БА ЗАМИН", БО МАБЛАГГУЗОРИИ КОММИССИЯ ОИДИ РУШДИ ДЕМОКРАТИЯИ НАЗДИ САФОРАТИ ИМА

"БАРНОМАХОИ ТРЕНИНГИ ВА МАРКАЗХОИ ЁРИИ ХУКУКИ", БО МАБЛАГГУЗОРИИ USAID/CHEMONIC

ЛОИХАИ "РУШДИ КООПЕРАТИВХОИ ХАДАМОТИ АЗ ТАРИКИ ТАШКИЛИ МАРКАЗХОИ ХАДАМОТИ ХОЧАГИХОИ ДЕХКОНИ", БО МАБЛАГГУЗОРИИ ИТТИХОДИ АВРУПО
  design@caftar.com